Ҷудои зи лаъли ту ҳар ҷоми лаъли гаван ки кашидам
Гузар накарда зи лаб хӯн шуду з дида чакидам
Нишон ҳануз з абрӯ набӯду номи мижгон
Ки ман ба боли хаданги ту з ошиёна паридам
Насиб дӯст нагардад мабод рӯзии душман
Татовулӣ ки ман аз рӯзгори ҳиҷр ту дидам
Гусастам аз ҳамаи хубон ки дояи аҳди таъаллуқ
Ба нофае сари аҳди ту баст ва ноф буридам
Бузад ба теғ ба фитрок бар набаст ва Аннан дод
Ба ҷурми онкӣ чаро зери теғи ишқи тпидм
Нагӯям аз қафасами муждаи даҳ ба ҳарфи раҳоӣ
Ҳалоки шодӣ теғат бидиҳ ба қатли навидам
Алоҷи танагӣ дил нест чоки синаи вагарна
Чу ғунча бе лаби лаълати ҳазор ҷома даридам
Гумон мабар ки гулам карда дасти ишқ ба домон
зи дидаи хӯн диласт инки бар канорам чакидам
Бикаш маро ки гумони ҳаёт Хизр наярзад
Ба соъатӣ ки зи кӯй ту оваранд шаҳидам
Дар интизор ба роҳи сабо ба буии висолат
Ба роҳи Миср чу ёқӯби мондаи чашми умедам
Ба заъфи толеъи яғмои нигар ки аз ғами ҳиҷрон
Ғубори гаштам ва бар тараф доманӣ нарасидам