Ба базми ёри ҳамдам гарчи ҷон аст

Ҳузури ғайр бар ошиқ гарон аст

Ҳалокам кард ва аз ҳиҷрам бар осуд

Ки мегуяд аҷал номеҳрбон аст

Ҷарас имшаб нанолад чун шаби дӯш

Ҳамоно Лайлии андар корвон аст

Намонад булбулонро завқи фарёд

Дар он гулшан ки гулчин боғбон аст

Ба гардун зон наме нолам ки мо ро

Шикоят ҳар чаҳ ҳаст аз осмон аст

Чунон машғӯли сайёдам ки гўӣӣ

Марои гулшани қафаси дом ошён аст

Насим раҳмат ояд бар машомам

Магари ин роҳ бар дайр Муғон аст

Лабаш гар нест оби зиндагонӣ

Чаро пас дар саводи хат ниҳон аст

Надонам он ки мегуяд сухан кист

Ҳаме донам ки яғмо тарҷумон аст