Он мурғ ки ҷуз дар чаман ором надорад
Пайдост ки мискини хабар аз дом надорад
Кофар накунад ончӣ кунад чашми ту бо халқ
Ин тарки сипоҳии магар ислом надорад
Оғоз макун роҳи ғами ишқ ки сад раҳ
Ман рафтам вбози омадам анҷом надорад
Хат омаду кор аз кафи зулфаши ситад эй дил
Бигурез ки нави силсила фарҷом надорад
Он нест ки арбоби риё бода нанӯшанд
Ҳар нанг ки дар савмиъа шуд ном надорад
Бо рӯзи висолати зи шаб ҳиҷр натарсам
Ин субҳ биҳиштасту зи пай шом надорад
Онро ки чу ҷам даст диҳад ҷоми сабӯҳӣ
Дороӣ Ироқаст агар шом надорад
Маҳмӯд ғуломӣаст агар ишқ наварзад
Ҷамшед гдоӣӣаст агар ҷом надорад
Бохок дарат фарқӣ агар ҳаст фалак ро
Инаст ки моҳӣ чу ту бар бом надорад
зи он рӯз ки дар гардиши ҷоми омадаи яғмо
Дигари ғамӣ аз гардиш айём надорад