Юсуфи мисрӣ агар ҷамол ту бинад

Хеш ба бозори пери зол ту бинад

Завқи хаёли ту барда аз дилами ором

То чаҳ кунад боз агар ҷамол ту бинад

Юсуфаш ояд ба дидаи гурги Зулайхо

Дида ба хобаш агар хаёл ту бинад

Саҳл нагирад халоси мурғи дили ман

Дар шикани турра ҳар ки хол ту бинад

Ҳизум дӯзах кунад зи сидраи тӯбо

Хозини ҷинат агар ниҳол ту бинад

Хӯн ки ҳаромаст рехтан ба ҳамаи кеш

Гар ҳамаи сайди ҳарами ҳалол ту бинад

Ҳар ки маи нав бар офтоб надида аст

Гӯ ба рухи абрӯӣ чун ҳилол ту бинад

Ғунча шавад гул агар ту рухи бгшоӣӣ

Сарви хами орадгар эътидол ту бинад

Нест дареғ ар з даст шуд сриғмо

Манзалати ин бас ки поймол ту бинад