Лабат аз май чу лаъл ранг ояд

Номи оби Хизр ба нанг ояд

Нануҳум аз кафи обгинаи қадаҳ

Гурзи рўӣинаҳи чарх санг ояд

намесипорам раҳе ки аввали гом

Рахш рустам нарафта ланг ояд

То нагунҷад дар ӯ ба ҷузи ғами ишқ

Хўшдлм чун дилам ба танг ояд

Кафан аз ханҷари ту хӯн олуд

Ба зи дебои ранг ранг ояд

Бодаи обӣ буд каз ӯ моҳӣ

Ком агар тар кунад наҳанг ояд

Набарди зи оҳӯони чашми ту ҷон

Дил ба сари панҷагар паланг ояд

Чаҳ ғам ар чок шуд гиребон ҳо

Агарам доманаш ба чанг ояд

Чун кунам зи он даҳони танги ҳадис

Шукр аз хомаи танг танг ояд

Аз паии нарм кардани дили дӯст

Май рӯм то серум ба санг ояд

Онкии сулҳаши ҳазор хӯни резад

То чаҳ хезад агар ба ҷанг ояд

Дили ман дар саводи зулф ту кист

Он мусулмон ки дар фаранг ояд

Нашнавам ваъз то зи кӯии Муғон

Нӯши соқӣу бонг чанг ояд

Синаи яғмо сипар намӯд эй кош

Ки яке тир ӯ хаданг ояд