Дил бо сафи ғамзае дар афтод
Сайдӣ ба миён лашкар афтод
Моҳӣ бидамед каз тулӯъаш
Аз дидаи мардум ахтар афтод
Он сӯхтаи тоирам ки бар гул
Болӣ нафишонда аз пар афтод
Дар панҷаи турраи ту дил кист
Мусаллам ки ба даст кофар афтод
Аз айши зи мо нишони мҷўӣид
Кин қуръаи баном дигар афтод
Аз лаъли ту бо Масеҳ гуфтам
Таб кард ва ба рӯй бистар афтод
Мастами зи мӣӣ ки ҳар ки ҷомӣ
Зон хӯрд зи по на каз сар афтод
Риндӣ ки ба даврҳо нашуд маст
Бингар ки ба ним соғар афтод
Яғмо ба раҳи саманд ӯ кист
Хокӣ ки ба даст сарсар афтод