Гар парешони хами гесуии ту аз шона набӯд
Ҳар хамии манзили ҷамъии дил девона набӯд
Теша бар сар зад Фарҳод ва чу ширин ҷон дод
Дигаронро магари ин ҳиммат мардона набӯд
Гар ба кунҷи дили ман ғайри ғамат роҳ наёфт
Ҷои он ганҷи ҷузи ин хона вайрона набӯд
Ҷазбаи ишқи марои барад ба ҷое ки зи васл
Фарқи байни фарқу муҳаррам ва бегона набӯд
Хуррами он шаб ки зи паймона чу паймони бастӣ
Шоҳиди мо ва ту ҷузи шоҳид паймона набӯд