Тӯдаро бо ҷанги синфии ошно бояд намӯд

Кашмакашро бар сари фақру Гана бояд намӯд

Дар сафи ҳизби фақирон ағниё карданд ҷой

Ин ду сафро комилан аз ҳам ҷудо бояд намӯд

Ин баннои куҳнаи пусида вайрон гашта аст

Ҷои он бо тарҳи нав аз нави банно бояд намӯд

То магари адлу тасовӣ дар башар муҷрӣ шавад

Инқилобии сахт дар дунё ба по бояд намӯд

Масканатро маҳв бояд кард байни шайху шоб

Муъаддилатро шомили шоҳу гадо бояд намӯд

Аз ҳасир шайх ояд дам ба дами буии риё

Чораи он бориёу бӯрё бояд намӯд

Фаррухӣ бе тарки ҷони гуфтан дар ин раҳ по манеҳ

Зон ки дар аввали қадами ҷонро фидо бояд намӯд