Он ғунча ки нашикуфт зи ҳасрати дили мо буд
Ваон уқда ки нагушӯд зи ғами мушкили мо буд
Маҷнӯн ки ба девонагарӣ шуҳра шаҳр аст
Дар дашти ҷунуни ҳамсафари оқили мо буд
Гар домани дил ранг набӯд аз асари хӯн
Маълум намешуд дили мо қотили мо буд
Сарсабз нигарадед ҳар он дона ки киштем
Пои бастаи офати задагии ҳосили мо буд
Дурдонаи ма буду ҷигари гӯшаи хуршед
Ин шамъи шаби афрӯз ки дар маҳфили мо буд
Ин сар ки ба дасти ғами ҳиҷр ту супурдем
Дар пои ғамати ҳадяи ноқобили мо буд
Аз роҳи санами пай ба самади барадам ва дидам
Мастураи ойинаи ҳақи ботили мо буд