Тӯтӣ ки чу ман шуҳра ба ширини суханӣ буд

Бо қанди ту лаби бастаи зи шикаршиканӣ буд

Лаъли ту ки хосияти ёқӯт равон дошт

Дил хӯн кун марҷону ақиқи Яманӣ буд

Чун ғунчаи зи ғами тнгдлу хӯни ҷигарами сохт

Он гул ки ҷгргўшаҳи нозуки баданӣ буд

Дар ишқ агар фақр ва Гана нест муассир

Пас қисмати Фарҳод чаро кӯҳканӣ буд

Олат шудагонӣ ки яке хона надоранд

Ҷонбозишон аз чаҳ зи ҳуби алўтнӣ буд

Гар аз ғами ин зиндагӣ талх намурдаем

Инсоф тавон дод ки аз бекафанӣ буд

Ҳам хайр башар хоҳад ва ҳам сулҳи умумӣ

Аз рӯзи азали маслаки тӯфони аланӣ буд