Дар ҷаҳони куҳна аз нави шӯру шар бояд намӯд

Фикри бикрии баҳри абнои башар бояд намӯд

Симу зар то ҳаст дар олами башар осӯда нест

То шавем осӯдаи маҳви симу зар бояд намӯд

Хоки олам гул шуд аз ашкам чаҳ хокӣ сар кунам

Зин сипас фикрӣ барои чашмтар бояд намӯд

Дар қадамгоҳи муҳаббат по манеҳ бурдор даст

ё агар по майгузорӣ тарки сар бояд намӯд

Гар шаби ғами баҳри мо оҳи саҳар корӣ накард

Рӯзи шодии шиква аз оҳи саҳар бояд намӯд

То шаванд ошуфтатар ҷамъии парешони рӯзгор

Зулфи мишкӣни турои ошуфтатар бояд намӯд

Дар биёбони ҷунун , маҷнӯни маро танҳо гузошт

Андарин раҳи бози фикри ҳамсафар бояд намӯд