Ҳалқаи зулфӣ ки ғайр тоб надорад
То чаҳ кунад бо дилӣ ки тоб надорад
Кашмакаши чину изтироб башар чист
Гетӣ агар ҳол инқилоб надорад
Маҷлиси моро ҳар онкӣ дид ба дил гуфт
Миллати ҷам , ҳасан интихоб надорад
Хонаи худоё ба фикри хона худ нест
ё хабар аз хона хароб надорад
Хоҷаи паии ҷамъи молу тӯдаи бадбахт
Ҳеҷ биҷузи фикри нон ва об надорад
Зӯр ба пушти ҳисоб мушт зад ва гуфт
Ҳарфи ҳисобӣ дигар ҷавоб надорад
Фаррухӣ аз зиндагӣ хушаст ба ноне
Гар нарасад он ҳам , изтироб надорад