эй дили андари ошиқӣ бо толеъ масъӯд бош
Чун ба чанги ореи Аёзии оқибат Маҳмӯд бош
Пеши ин мардуми тааюн чун ба мавҷӯдият аст
Гар расад дастат , ба ҳар қимат буд , мавҷӯд бош
То навозии дӯстонро ҷинати шаддоди шӯ
То гудозии душманонро оташ намруд бош
Пеши икрнгони дўрнгӣ чун намеояд писанд
ё чу яздони пок ё чун аҳриман мардӯд бош
То даройӣ дар шумори куштагони роҳи ишқ
Бо ҳазорон доғи дил чун лола хӯн олуд бош
Пеши мардони худои ҳаргизи дам аз ҳастӣ мазан
Нестиро пеша кун ночизи шӯ нобӯд бош
Раҳрави собити қадам , ҳастӣ агар чун фаррухӣ
Дар талаб бо азми собити толиб мақсӯд бош