То дар иқлӣми қаноат худнамое карда ем
Бар замин чун осмон фармонравойӣ карда ем
Ишқи моро дар радифи бандагони ҳам ҷои надод
Бо вуҷӯди онкии як умрӣ худоӣ карда ем
Устихон бишкастаем аммо ба имони дуруст
Хоки истиғно ба фарқ мумиёе карда ем
Ҷойгоҳи арши моро дар хур ҳиммат набӯд
Ҷои з беқайдӣ ба фарш бӯрёе карда ем
Аҷзу зорӣ дар тарозуи вазни зӯр ва зар надошт
Гарчи бо ин ҳарбаи мо зӯрозмоӣ карда ем
Пеши аҳли дил на кофар не мусулмонем мо
Бас ки дар исломи кофар моҷарое карда ем
Дасти моу шона аз гесуӣ ӯ кӯтаҳ мабод
Каз барои аҳли дили мушкил гушойӣ карда ем