Гар бархе ҷонони ман дилдода набудам
Дар додани ҷони ин ҳама омода набудам
Айбу ҳунар халқ намешуд зи ман изҳор
Чун оинагар покдл ва сода набудам
Сарсабзии ман ҷузи зи тиҳии дастӣ ман нест
Чун сарв набудам агар озода набудам
Хам буд агар пушти ман аз бори тамаллуқ
Пеши ҳама бо ҷабҳа бигушода набудам
Наниҳодӣ агар теғи ту миннат ба сари ман
Дар пои ту чун куштаи ман афтода набудам
Кайфияти чашмони ту мастӣ ба ман омухт
Он рӯз ки ман дар талаб бода набудам
Аз ҷинси Фқиронм ва бо ин ғам бисёр
Дилшод аз онам ки ғанӣ зода набудам