Ҳамин басаст зи озодагии нишонаи мо

Ки зери бори фалак ҳам нарафта шонаи мо

зи дасти ҳодиса помол шуд ба сад хорӣ

Ҳар он сиррӣ ки нашуд хоки остонаи мо

Миёни ин ҳамаи мурғони баста пар моием

Ки дода ҷаври ту бар боди ошиёнаи мо

Ҳазор уқдаи чинро як инқилоб гушӯд

Вале ба чини ду зулфати шикасти шонаи мо

Агар миёни ду ҳамсоя кашмакаш нашавад

Равад ба номи гарав , бе қиболаи хонаи мо

Ба кунҷи дили зи ғами дӯсти ганҷ ҳо дорем

Тиҳӣ мабод аз ин ганҷҳо хазонаи мо

Дар ин вакилу вазир эй худо асар накунад

Фиғони субҳдаму нолаи шабонаи мо

Барои маҳви ту эй кишвари хароб бас аст

Ҳамин нифоқ ки афтода дар миёнаи мо