Дидӣ охир ба сари зулф ту побаст шудам

По дар он силсила нагузошта аз даст шудам

Наниҳодӣ қадамӣ бар серум эй сарви баланд

Гарчи дар роҳи ту ман хоки сифат паст шудам

Кас чу ман дар талаби шоҳид озодӣ нест

Зонка бо нестӣ аз партав он ҳаст шудам

Новаки нози ту пайваста шуд аз шасти раҳо

Нози шасти ту ки ман куштаи он шаст шудам

То абад мастем аз ҷилва соқӣ боқӣаст

Зонка аз он май боқии зи азал маст шудам