Дар майкадагар ринди қадаҳ нӯш набудем

Ҳамчуи хам май ӣнҳама дар ҷӯш набудем

Як субҳ нашуд шом ки дар майкадаи ишқ

Аз нашъа май бихўд ва мадҳуш набудем

Аз ҷавр хазонем забони бастаи вагарна

Ҳангоми баҳори ин ҳама хомӯш набудем

Як зарра агар меҳр ва вафо доштӣ эй ма

Аз ёди ту ингуна фаромӯш набудем

Дар Таҳамтанӣ шуҳра нагаштем дар офоқ

Гар кӣнаи каши хӯн Сиёвуш набудем

Чун шамъи саҳари мурдани мо буд мусаллам

Гар зинда аз он субҳ биногваш набудем

Мо покдлонро ғами ишқат чу маҳак зад

Донист чу сими сира мағшуш набудем