Фасли гул чу ғунча , лабро аз ғами замонаи бастам

Аз сиришки лолаи рангам , дар чаман ба хӯн нишастам

эй шикастаи боли булбул , кун чу ман фиғону ғулғул

Ту ?илам чашида ҳастӣ , ман ситам кашида ҳастам

То қалам нагардад озод , аз қалам намекунам ёд

Гар қалам шавад зи бедод , ҳамчуи хомаи ҳардуи дастам

Гар занами дам аз ҳақоиқ , бар масолеҳи хилоиқ

Шаҳна мекашад ки риндам , шӯрта мекашад ки мастам

Миллати наҷиби Эрон , хонда бо яқину имон

Шоир сухан шиносам , соӣси ватани пурситам

Пеши аҳли дил аз ин пас , аз мафохирами ҳамин бас

Каз барои роҳати хеш , хотир касе нахустам

Ҳркҷои рӯм ба гардиш , ояд аз пем муфаттиш

Ҳиммати буландпарвоз , ин чунин намӯда пастам

Ман ки аз чиҳил ба панҷа , моҳ ва ҳафта бӯда ранҷа

Кӣ фитад ба соли шастум , сайди орзӯи бастам ?

эй хушо нишоти мурдан , ҷон ба дилхушии супурдан

То чу фаррухӣ тавон гуфт , мардуму зи ғуссаи рустам