Аз қаноати хоҷаи гардуни маро то банда аст
Пеши чашмами чашмаи хуршед кӣ тобанда аст
Пар нагардад косаи чашми ғанӣ аз ҳирсу оз
Кӣсааш ҳар чанд аз моли фақир оканда аст
Ҳоли мозии сар ба сар бо ноумедиҳо гузашт
Зин сипас тақдир бо пеш омад оянда аст
Нест бихўди гардиши ин ҳафт кохи грдгрд
Зонка ҳар гардандаро ночор гардонанда аст
Бо сипари афкандагони мурдаи моро кор нест
Ҷанги мо ҳамвора бо гарданкашон зинда аст
Бо чунин сармояи азми тазалзул нопазир
Номаи ҳқгўии тӯфон то абад поянда аст