Кист дар шаҳр ки аз даст ғамат дод надошт
Ҳечкас ҳамчуи ту бедодгарӣ ёд надошт
Гӯши фарёд шинав нест худоё дар шаҳр
Варна аз дасти ту кас нест ки фарёд надошт
Хуш ба гули дарди дили хеш ба афғон ме гуфт
Мурғи бедили хабар аз ҳила сайёд надошт
Ишқ дар кӯҳ кунӣ дод нишони қудрати хеш
Варна ин мояи ҳунари теша Фарҳод надошт
Ҷуз ба озодӣ миллат набӯд ободӣ
Оҳ агар мамлакатии миллат озод надошт
Фақру бадбахтӣу бечорагӣу хӯни ҷигар
Чаҳ ғамӣ буд ки ин хотир ношод надошт
Ҳар бноӣӣ наниҳоданд бар афкори умум
Буд агар зи оҳан , ӯ поя ва бунёд надошт
Кӣ тавонист бад-ӣн поя диҳад дод сухан
Фаррухигар ба ғазали табъ худодод надошт