Гарчи маҷнӯнаму саҳрои ҷунуни ҷой ман аст

Лек девонатар аз ман дили шайдоӣ ман аст

Охир аз роҳи дилу дидаи сари оради берун

Неши он хор ки аз дасти ту дар пой ман аст

Рахт барбаст зи дили шодӣу ҳангоми видоъ

Бо ғамат гуфт ки ё ҷои ту ё ҷой ман аст

Ҷомаеро ки ба хӯн ранг намудем имрӯз

Бар ҷФокории ту шоҳиди фардоӣ ман аст

Чизҳое ки набоист бибинад , бас дид

Ба худои қотили ман дидаи биноӣ ман аст

Сари таслим ба чарх онкӣ наёвард фурӯд

Бо ҳамаи ҷавру ситами ҳиммати волоӣ ман аст

Дили тамошоеи ту , дидаи тамошоеи дил

Ман ба фикри дилу халқӣ ба тамошоӣ ман аст

Онкӣ дар роҳи талаб хаста нагардад ҳаргиз

Пои пуробилаи бодияи паймоӣ ман аст