Рўзгорист ки дар дашти ҷунуни хонаи мост
Аҳд маҷнӯн шуду даври дили девонаи мост
Онкӣ худ созад ва ҷон бозад ва парво накунад
Дар бар шамъи ҷҳонсўзи ту парвонаи мост
Ҳаст ҷононаи мо шоҳиди озодӣу бас
Ҷони мо дар ҳамаи ҷои бархе ҷононаи мост
Шона Эй нест ки аз бори тамаллуқ хам нест
Рост гар ҳаст аз ин бори гарони шонаи мост
Аз дурустӣ чу ба паймони шиканӣ тан надиҳем
Ҷой май , хӯни дил аз дида ба паймонаи мост