Аз дасти ту каси ҳамчуи ман бесрўпо нест
Гар ҳаст чу ман ин ҳамаи ангушт намо нест
Худ уқдаи худро зи дил аз гиря гушӯдам
Дидам ки касе баҳр касе уқда гшо нест
Аз сафҳаи зангорӣ афлок шавад маҳв
Ҳар ном ки дар дафтари арбоб вафо нест
Зиндони нафас ё қафаси дил будаш ном
Ҳар сина ки омоҷгаҳи тир бало нест
Дар доираи фақри қадам на ки дар он хат
Як нуқтаи турои фосила бо шоҳ ва гадо нест
Аз роҳи санами пай ба самади барадам ва дидам
Роҳӣ ба худо нест ки он раҳ ба худо нест
Бо манфиати синфии худ фаррухии имрӯз
Худ дар садади кашмакаши фақр ва Гана нест