НорФиқон чун ба икрнгони ду рангӣ ме кунанд

Аз чаҳ тафсири ду рангиро зарангӣ ме кунанд

Дар мақоми сулҳи ин қавм ар сипар андохтанд

Теғи бозӣ бо салаҳшӯрон ҷангӣ ме кунанд

Девро хонанд ҳамсанги парии ҳангоми меҳр

Рӯмро даргоҳи кини ҳамранг зангӣ ме кунанд

Арзу тӯли арзро аз баҳр худ хоҳанду бас

Бо ҳамаи рӯзии фарохии чашм танагӣ ме кунанд

Шери мардиро агар бенанди ин рӯбаҳ ваашон

Хирад бо сарпанҷае хуй палангӣ ме кунанд

Номи озодӣ барои хеши созанди инҳисор

Бозии ин рлро ҳарифон бо қашангӣ ме кунанд