Ба ҳангоми сияҳи рӯзӣ илм кун қади мардӣ ро

зи хӯни сурхи фом худ бишӯй ин ранги зардӣ ро

Насиби мардуми доно ба ҷузи хӯн ҷигар набӯд

Дар он кишвар ки халқаш карда одати ҳарзаи гардӣ ро

зи ледирҳои ҷамъият надидам ғайри худхоҳӣ

Аз он бо ҷабр кардам ихтиёри иқдоми фардӣ ро

Кунун тозам чунон бар ин муборизҳои нолоиқ

Ки то берун кунанд аз сари ҳавои ҳам набардӣ ро

Шабӣ каз сӯз дил шуд барқи оҳами осмони паймо

Чу бахти худ сияҳ кардам , сипеҳри лоҷувардӣ ро