Коми дилами зи васли ту ҳосил наме шавад

Гирам ки шуд , дигар дили ман дил наме шавад

Девонае ки маза девонагӣ чашид

Бо сад ҳазор силсила оқил наме шавад

Иҷро нашуд миёни башаргар мароми мо

Оҷл шавад агарчӣ ба оҷил наме шавад

Ҳақ гар хӯрд шикасти зи як даста бе шараф

Ҳақасту ҳақ ба мағлата ботил наме шавад

Зӯру фишору сахтӣу таҳдиду гиру дор

Бо ин равияи ҳал масоил наме шавад

Такфиру иртиҷоъу хурофот ваҳои ҳўӣ

Аз ин тариқи тай мароҳил наме шавад

Маҷлиси мақоми мардуми нопок дил махоҳ

Кин ҷои поки ҷой арозил наме шавад

Як малик беақида ва як шаҳри чоплус

Ёрб бало барои чаҳ нозил наме шавад

Нозам ба азми собит чун кӯҳи фаррухӣ

Каз боди саҳмгин мутазалзил наме шавад