Хуррами он рӯзӣ ки моро ҷой дар майхона буд

То дили шаби бӯсаи гоҳи мо лаби паймона буд

Уқдаҳои аҳли дилро мӯ ба мӯ мекард боз

Дар кафи машшотаи боди сабогар шона буд

Бо ману мурғи биҳиштӣ кӣ шавад ҳам ошён

Он назари танагӣ ки чашмаши сӯии обу дона буд

Сӯхт аз як шуълаи охири шамъро по то ба сар

Барқи он оташ ки дар болу пари парвона буд

Фарқи шаҳру дашт аз нақси ҷунун кӣ ме гузошт

Ростии маҷнӯн агар монанди ман девона буд

Хонаи ободи моро кард дар як дами хароб

Ҷавру бедодӣ ки дар ин кишвари вайрона буд

Ҳар кро аз ҷинси ин мардум гирифтам ёри хеш

Дидам аз ноошнои муҳаррами бегона буд

Рӯзгор ӯро насозад паст ҳамчун фаррухӣ

Ҳар ки бо табъи баланду ҳиммати мардона буд