Баҳор омад ва дар ҷоми бода бояд кард
Ба фикри содаи ман фикри сода бояд кард
Ба сарсупурдаи худ орифӣ чаҳ хуш ме гуфт
Ки дастгирӣ аз пои фитода бояд кард
Бар асби пилтан эй шаҳ агар савор шудӣ
Тафаққудӣ ба гадои пиёда бояд кард
Ҳазор уқдаи кушояди иродау тасмим
Пай гирифтани тасмими ирода бояд кард
Чу дар миёни ду ҳамсоя кашмакаш афтод
Бигӯ ба хонаи худои истифода бояд кард
Забуни шудеми зи баси вақти кор ҳарф задем
Забон ба бастау бозуи кушода бояд кард
Ба бандае ки чу ман эй хдондодии ҳеҷ
зи адл ва дод ту шукр надода бояд кард