Чу сунбули ту сар аз барги ёсамин бар зад

Ғамат ба рехтани хӯнами остин бар зад

Рухи ту аз арақ ва нозукӣ бидон монад

Ки абри қатраи борон ба ёсамин бар зад

Чу пеш рӯй ту зулфати ниқоб пурҳ кашад

Амири занги ту гӯйӣ ба шоҳи чин бар зад

Дилам ба маҷлис васлат расед бор наёфт

Битофт рӯ ва бар абрӯи ҳазор чин бар зад

Дамӣ ба васл ту гуфтам ки шодмона шавам

Ғами фироқи ту ногуҳи сар аз замин бар зад

Халоси ҷони ман аз ҳиҷри ту яқин шуда буд

Ва лек дӯди шак аз равзани яқин бар зад

Дилам ба шишаи омоли хеши санги ниёз

Збҳри ишқи ту дилдори нозанин бар зад

Сипоҳи ишқи ту чун бар дилам камӣн бикшод

Санои садр мъолӣ бидон камӣн бар зад

Чу ташнае ки занад ногаҳон ба оби зулол

Дилам ба мадҳи худованди муҷаддадин бар зад

Муҳамади бен алии Ашъаси онки ҳиммат ӯ

Сарои парда ба айвони ҳафтумин бар зад

Бар остона ӯ то фалаки ниҳоди ҷабин

Ҳазор лмъаҳи нураши сар аз ҷабин бар зад

Бузурги Фдро ! онӣ ки дар камоли ҳунар

Фалаки туро ба сари кули оламин бар зад

Аз он вазеъу шарифат ба ҷон харидоранд

Ки меҳри меҳри ту гардун ба ҳар нигин бар зад

Гирифт боз ба меҳри осмони туро дар бар

Замона бо ту агар як нафас ба кин бар зад

Дурӯғ гуфта наомад ки ҳам дарин ҳасрат

Фалаки ҳазор дами сард бо анин бар зад

Мухолифи ту ба макри замонаи дил дар баст

Чунонк такяи мқомр ба къбтин бар зад

зи боди сарди ҳасудати сипеҳри гарми димоғ

Ба зери ҷбаҳи мсқўли пӯстин бар зад

Бидон худоӣ ки дар саҳни хулди холи ҷамол

Ба дасти лутф ба рухсори ҳури айн бар зад

Кушоди ақди маваддат ба аҳди соҳиби шаръ

Вазон сипас гиреҳи муҳками матин бар зад

Анояташи илми сокинони гардун ро

Тарози ани алайкуми лҳоФзин бар зад

Барои шарбати дилҳои ташна дар ҷинат

Нўолаҳ ӯ ба майу шеру ангабин бар зад

Ки аз тътши оби зулоли ҳиммат ӯ

эй малики басии пар ба поргин бар зад

Ҳамеша то мадад ақл гирадаш доман

Ҳар онки сари згрибони арбаъӣн бар зад

Фанои зи домани умри ту дасти кӯтаҳи бод

Ки остин , фалак аз баҳри дафъи ин бар зад