зи хоби хуш чу барангехти азми майдонаш
Маи ду ҳафта падед омад аз гиребонаш
Ба рӯй хеш биёрост иди гоҳу маро
Намӯд ҳар нафасии мотамии зи ҳиҷронаш
Фарози мураккаби тозии савори гашт чунонк
Назар дарав нараседӣ ба гоҳи ҷавлонаш
Ҳазор ҷон шудаи қурбони ҳазор кеши хароб
зи рашки гӯшаи гишу дўоли қурбонаш
Басои Сикандар сар гашта дар ҷаҳон ки наёфт
Нишони чашмаи Хизр аз чаҳ занхдонаш
Маро ба тоза дар оташ ниҳод гуфтӣ наъл
Ҳар оташӣ ки ҷудо шуд зи наъли икронш
Ба расми идии ҳурони хулдро ризвон
Барои ғолия май баради гирди майдонаш
Бар омад аз дили ман дӯзахӣ дар он андӯҳ
Ки ногаҳони бФрибд ба хулди ризвонаш
Каманди зулфи биндохт аз таҳаввур ва буд
Ҳазор чораи зи озори сад мусулмонаш
Ба рӯзи ид ки зиндониён кунанд озод
Ба ҳар дилӣ ки зафар ёфт кард занадонаш
Расед нолаи ман дар фироқи чеҳра ӯ
Бар осмон ва шуниданд меҳру кайвонаш
Агар ба ҳазрат хусрав намерасад зонаст
Ки аз сипеҳри барин бартари сети айвонаш
Ҳисоми давлату дайни шоҳи Ардашери ҳасан
Ки ҳаст равнақи олами зи адлу эҳсонаш
Қазо бабўсаду гардун ба дида дар молад
Ҳар он мисол ки содир шавад зи девонаш
Куҷост дар ҳамаи офоқи сари кашии имрӯз
Ки нест гардан ӯ зери тавқи фурмонаш
зи моҳи роят ӯ чун хаҷал шавад хуршед
Ба зери сояи шаб дар кунанд пинҳонаш
Зиҳии замири ту аз лозимони он ҳазрат
Ки соябони нуҳум торамаст дарбонаш
Туро расад ба ҷаҳони даъвии ҷҳондорӣ
Ки дар шамоил ту зоҳираст барраонаш
Дилӣ ки аз туфи кини ту гарм шавад рӯзӣ
Ба ҷузи муфарраҳ теғат набӯд дирамонаш
Кадоми ҳодиса дандон намӯд бо ту ба ғам
Ки савлати ту зи бен бар накунад дандонаш ?
Ки ҷуст бо ту ба рӯзи вғои зибардастӣ
Ки на ба зери қадам паст кард хизлонаш ?
Агар зҷоми хилоф ту мехӯрд гардун
Ба як ду давр намонад маҷоли давронаш
зи бими ту чу дили санги хора хӯн гардад
Замонаи ном наад гавҳари бадахшонаш
Насими гул чу ба халқи ту нисбатӣ дорад
Ба сад забон бастоед ҳазор дастонаш
Чунон ба ҷоҳи ту мъшўФи гашти хотами малик
Ки низ ёд намеояд аз салимонаш
Шуъоъи теғи ту барқии сет дар диёри аду
Ки ҷуз аҷал набӯд қатраҳои боронаш
Кафи Карим ту баҳрӣаст дар аФозти ҷӯад
Ки ҷуз ба соҳил таснӣм нест пойонаш
Ҳамеша то гули анҷуми чунон буд ки сабо
Фурӯ наризад азин сабзтар гулистонаш
зи хуррамии чамани малики ту чунон бодо
Ки аз шукуфаи парвин буд гули афшонаш