Додеми дил ба дасти ту дар пои мФкнш
Ғофил машав зи нолау зорӣу шеванаш
Чун даст дар ғамат заду по устувор кард
Гар даст менагирӣ дар по Маяфканаш
Мо аҳд агар на бо сари зулфи ту баста ем
Бе ҳеҷ мӯҷибӣ чу сар зулф машканаш
Ҳар дил ки ҳаст бастаи занҷири зулфи ту
Натавон нигоҳ дошт ба занҷир дар таниш
Нагирифт дасти фитнаи гиребони ҳечкас
То дар набаст ишқи ту домани бдомнш
Танг омад аз фироқи ту бар ман ҳамаи ҷаҳон
Мискин касе ки ҷуз дар ту нест масканаш
То кӣ шикори ишқ ту бошад дилӣ ки ҳаст
Даргоҳи шоҳи олами одили нишеманаш
Соҳиби қирони Музаффари дайни хусрави аҷам
Гар чарх сар кашид фурӯи кӯфти гарданаш
Шоҳӣ ки аз барои гули афшон базм ӯст
Ҳар гул ки марғзор сипеҳраст гулшанаш
Бар ҳар муборизӣ ки на аз ном ӯст ҳрз
Аз сатҳи об кам буд атрофи ҷавшанаш
эй ҳиммати ту сокини он буқъа каз улувва
Болои ҳафт хитта чархаст бар занаш
Рои ту роизӣаст ки дар зери рони ҳукм
Ҳар рӯзи ромтар буд айёми тавсанаш
Бар ҳар ки тофт рӯзии хуршеди лутфи ту
Хуршеди ҳамчу зарра барояд зи равзанаш
Оташи фурӯғи рой ту дорад аз ин қабл
Дар бар гирифтаанд чу ҷони сангу оҳанаш
Озодаи исти лутфи ту шоҳо ки ҳар замон
Хаттӣ ба бандагӣ расад аз сарву сӯсанаш
Гар ҷурми моҳ бо ту ба як ҷӯ кунад хилоф
Ҳам дар занад шикваи ту оташ ба хирманаш
То шаби з ахтарон бигушоед камӣни меҳр
Бар ҳам занад мусодамати рӯзи мкмнш
Бод аз мсодмоти ҳаводиси туро амон
Комрўз ҳар ки ҳаст дар туаст момнш
Бар душманати кушодаи камӣни ахтарони наҳс
Вази ҳайбати ту тира чу шаби рӯзи равшанаш