Паноҳу қдўаҳи шоҳони асри нусрати дайн
Туе ки хок дарат кимиёӣ фарҳанг аст
Ба гирди мавкиб қудрат намерасад гардун
Ки дар миёнаи масофати ҳазор фарсанг аст
Ба соъатӣ шаканд рмҳи ту тилисми аду
Ба пеши мӯъҷизи Мӯсо чаҳ ҷой найрангаст ?
зи баси хасисӣ дар паҳлавии мухолифи ту
Гумон мабар ки ба ҷузи ханҷари туро ранг аст
Ту он шаҳӣ ки зи бими синони сари тезат
Рухи сипеҳр чу рӯй сипари пар ожанг аст
Замонаи пой рикобат надорад андари ҷанг
Аз он Аннани муродат ҳамеша дар ҷанг аст
Ба ҳукми онки ман аз хоки даргаати даврам
зи ғусса ҳар нафасам бо замонаи сад ҷанг аст
Маҷоли узр фарохаст азин ҷиҳати лекин
Забон нутқ надорам ки вақти бас танг аст
Ҳадиси лангии уштур ба узр май шояд
Агар ба нукта нагирӣ ки узри ҳам ланг аст
Туро бақои абади бод дар накӯи номӣ
Ки малику дайнро аз номи душманат нанг аст