эй хусравӣ ки аз рухи дӯшизагони ғайб
Ҳар лаҳзаи дасти фикрати ту дар кашад ниқоб
Дар арзи гоҳи зинати базми ту фии алмисл
Товуси вақти ҷилваи намояд кам аз ғроб
Ҳифзат ба ҳар замин ки сипар дар сипар кашид
Мумкин буд ки рахна шавад теғи офтоб
Вази бими майли қаҳри ту кони дам ба дам буд
Бар чашм дшмнонт наёрад гузашти хоб
Шоҳои зкўаҳи гӯшу забонро зи роҳи лутф
Бишинав зи ман саволӣу ташрифи даҳ ҷавоб
Он кас ки ҳукм кард ба тӯфони бод ва гуфт
Косиби он иморат олам кунад хароб
Ташриф ёфт аз ту ва иқбол диду кас
Дар банд он нашуд ки хато гуфт ё савоб
Ман банда чун ба пеши ту ибтол карда ам
Бо ман чаро зи ваҷҳ дигар меравад хитоб
Бар ман ва бол шуд ҳунари ман ки сад бало
Бар соъатӣ ки ман ба ҳунар кардам интисоб
Гӯ нест гирди оламу гӯи пасти шӯи фалак
Бар ман ба ним ҷӯ чу фикандам дарин азоб
Тӯфони ман гузашт ки на моҳи сохтам
Аз оби дидаи шарбат ва аз хӯни дили шароб
Саҳласт ин се моҳ дигар низ ҳамчунин
Тан дар даҳум ба онк на нонам буд на об
Лекини зи даст фоқа битарсам ки оқибат
Ҳам ман зи ҷон бар оем ва ҳам хусрав аз савоб