эй дрбғои мирзои тоҳркаҳ буд

Фазлу тақворо ҷаноб ӯ мнос

Мударрисаши доим ба дарсу баҳси гарм

Маҷлисаш яксар ба аҳли фазли ғос

Буд собити муддати панҷоҳ сол

Миннати устодяш бар ому хос

Тӯшаи гир аз халқи некӯяш , авом

Хӯшаи чин аз хирмани фазлаш , хавос

Буд дар ирфону ҳикмати муқтадо

Дошт дар маъқӯлу манқӯли ихтисос

Он чунон лўлў наёрад ҳар садаф

Он чунон гавҳар надорад ҳар мғос

Солҳо дар бутаи табъиду ҳабс

Монад то шуд зари урфонаши халос

Дид аз хасми ситамгари қасдҳо

Лек нагузашташ ба дили қасди тақос

Лоҷарам зон пештар коед аҷал

Ронад бар хасмаши фалаки ҳукми қисос

Нола дар сӯяш чаҳ ҳосил зон ки даҳр

Гӯши хеш оканда дорад аз рсос

Аз паии таърихи фӯт ӯ « баҳор »

Зад рақам : « тоҳир шуд аз зиндони халос »