Оби он ориз хуррам бархест
Тоби он турраи пар хам бархест
Онкӣ бе ишқи ту дармонам буд
Шод бинишасту з мотам бархест
Вонкаҳ мекард сари андари сари ғам
Пои кӯбони зи сар ғам бархест
Захмҳое ки задӣ бар дили мо
Ҳама безаҳмат марҳам бархест
Оташи сӯхтагон ҳам бинишаст
Дили афтодаи мо ҳам бархест
Ту надонистае ар на чу мҷир
Поки бозии зи ҷаҳон кам бархест