Гуфтам эй тарки назари сӯии ман ғамгин кун

Раҳматӣ бар ман меҳнат зада мискин кун

Ишқи ман бе лаби ширини ту талхаст чу заҳр

Ба яке бӯсаи ҳамаи заҳри маро ширин кун

эй дили ман шуда аз оташи ҳиҷрони ту гарм

Зон лаби лаъли дили гарми маро таскин кун

Хандаи хуш май зану маҷлиси ҳама дар шукри гир

Зулфи бФшону ҷаҳони пари гулу пар насрин кун

Гуфт ман моҳам ва ҳамчун ту буд хоми тамаъ

Ҳар ки гуяд ки тамаъ бар ма ва бар парвин кун

Гуфтам эй тарк мазан бар дили ман доғи ҷафо

Вари занӣ , марҳам аз он ду лаб чун нӯшин кун

Гуфтамаш чанд кунам дар ғами ту нолаи зор ?

Гуфтгар васли миннат бояд сад чандин кун

Гуфтам аз сими миёнат асарӣ ёбам гуфт

ё миёнами матлаб ё камарам заррин кун

Вар ндонӣ ки вуҷӯҳи камари зар ба куҷост ?

Мадҳати боргаҳи хусрави хуб ойин кун

Арсалони шоҳи ҷҳонбхш ки гуяд карамаш

Ҷои хоки дирам аз торак алӣин кун