Ҳеҷ касро ранҷи хотир дар ҷаҳон ҳосил мабод
Вази фироқи дӯстони кор касе мушкил мабод
Ҳеҷ ранҷӣ нест бар дили бтар аз ранҷи фироқ
Ҳеҷ касро ёрб ин ранҷ аз ҷаҳон бар дил мабод
Ақли мардум кам шавад дар кори фурқат ҳар замон
Ин чунин шарбати насиби мардум оқил мабод
Дар бало манзил гирифт онкас ки монад андари фироқ
Ҳеҷ нозуки табъро андари бало манзил мабод
Умрро бо ранҷи дил бе ҳосилии ҳосили шинос
Умри кас ар душманаст ар дӯст беҳосил мабод
Ҳар ки ӯ гуяд фироқи дӯстони осон буд
Ранҷи фурқат аз дил ӯ як нафас зоил мабод
Аз баду неки ҷаҳони ғофили нишастан шарт нест
Ҳеҷ оқил аз баду неки ҷаҳон ғоқл мабод
Аз тсориФи замони пои азизон дар гул аст
Ёрб аз дасти ҷаҳони пой касе дар гул мабод
Ҳаст аҳдӣ то ба мо андӯҳи фурқат моил аст
Анда фурқати азин пас сӯии мо моил мабод