Муддатанда мо зуд ба сар хоҳад шуд
Вази дили мо ғаму андеша бадар хоҳад шуд
Кори шодӣу фароғат ба наво хоҳад шуд
Хонаи ваҳшату ғами зер ва зибр хоҳад шуд
Айши мо гарчи басии талхтар аз ҳанзал буд
Шукри кони ҳанзали мо ҳамчу шукр хоҳад шуд
Соғару бодаи мо ҳам ба сифати ҳам ба сафо
Оби хушк эй аҷабу оташ тар хоҳад шуд
Ҳар касеро ки хабар шуд зи ғам ваанда мо
Аз дили хуррами мо зуд хабар хоҳад шуд
Ҳамдами маҷлиси мо лаҳв ва тараб хоҳад буд
Ҳамраҳи мавкиби мо фатҳ ва зафар хоҳад шуд
Тези ғамро ки чу шамшер қазо коргараст
Синаи душмани мо пеш сипар хоҳад шуд
Гарчи моро ҷгарӣ дод ҷаҳон бокӣ нест
Қӯти аъдои пас азин хӯн ҷигар хоҳад шуд
Кори мо сохтатар аз зар ту хоҳад гашт
Вази ҳасади шакли адуи шимша зар хоҳад шуд
Ғаму шодии ҷаҳонро набӯд ҳеҷ сабот
Ҳар замони ҳоли вай аз шакл , дигар хоҳад шуд
Хуш баронем ва бидонем баҳри гӯна ки ҳаст
Роҳату меҳнати айём ба сар хоҳад шуд