Ҳар дӯст ки ихтиёри мо буд

Вондри баду неки ёри мо буд

Аз ғояти лутфу меҳрбонӣ

Ғмхўораҳу ҳақи гузори мо буд

Аз табъи латифу талъати хуб

Дар фасли хазони баҳори мо буд

Мо хурраму хуш ба суҳбат ӯ

ӯ шод ба рӯзгори мо буд

Дар ҳар корӣ ки боз ҷустем

Дидем ки дӯстдори мо буд

Вази суҳбат ҳар яке азишон

Шодии ҳамаи шаби шикори мо буд

Вази ҳамдамӣу сафоӣ ҳар як

Дар ъушрати кори кори мо буд

Рафтанди чунонкӣ ҳар яке ро

Ғам дар дил бе қарори мо буд

Кардем шумор чун бидидем

Ин ҳол на дар шумори мо буд

Чун ғам нахӯрем чун шуд аз даст ?

Ҳар дӯст ки ғмгсори мо буд