Нест рӯзӣ ки нестам дилтанг
Аз чаҳ аз осмони оинаи ранг ?
Рахти меҳнати нуҳум ба манзили айш
Зонка шуд боргири шодии ланг
Дили ман каз сафо чу оина буд
Ёфт аз фурқати азизони занг
Аз ту пурсам чигуна дорад дил
Вар буд офарӣдаи зи оҳану санг
Тоқати ғуссаҳои пштои пушт
Қӯти захмҳои рангоранг
Ончӣ дар дили ғам фироқ кунад
Накунад сад ҳазор тири хаданг
Накунам айш аз онкӣ хуш набӯд
Айшҳои фарох бо дили танг
Чун фароғати з чанг шуд берун
Зишт бошад фиғону нолаи чанг
Накбати пору ғуссаи имсол
Ки ҳаме дошт сӯии ман оҳанг
Рехт аз рӯй айши равнақу об
Барад аз кори дили таровату ранг
Кам кунад такя бар ҷаҳони ду рӯй
Ҳар ки оқил буд ба сулҳ ва ба ҷанг
Зонка бо аҳли рӯзгор ӯ
Ҳила рӯбаҳасту хуии паланг
Дили ман кӣ буд ба ранҷи сазо ?
Дар сазо кӣ буд ба коми наҳанг ?
Аз ҷаҳони ғам ба ман чигуна фитод ?
На ҷаҳон танг шуд чу ҳалқаи танг ?
Бар худои эътимод он дорам
Ки диҳад шаҳд агар чаҳ дод шрнг
Чун раседаст ранҷи дил ба шитоб
Мураккаб хуррамӣ расад ба диранг