Гуфтам ки ба зиракии тамомам

Шояд ки хирад буд ғуломам

Ҳар чанд ки тавсанаст гардун

Аз дониш ман шудаст ромам

Аз ҷаҳду кифоят манаст ин

Каз чарх бар омадаст комам

Вази ғояти ақлу кордонӣ

Ангушт намой хосу омам

Шояд ки бад-ӣни гумон ки барадам

Тавбих кунанд бар давомам

Имрӯз чу рӯз равшанам шуд

Кандар ҳамаи кори нотамомам

Гар даъвӣ пухтагӣ кунам боз

Мпазир ки ман ҳануз хомам

Ҳар чанд ки мурғ зирак омад

Бар хотами рӯзгори номам

Шак нест ки мурғи зиракам зонк

Афтода ба пои худ ба домам

Бар дониши худ чу такя кардам

Зон аз май ғами парасти ҷомам

Ҳам фазли худоӣ ба ки гирад

Аз рӯй карам дар иҳтимомам