Дар урфи ишқ чун дар хонаи дили ошиқ сокин шаваду дили аздхл фориғ гардад ва мутмаин шавад бошад ки маъшӯқ хоҳад ки ӯро аз хонаи дил бадар кунад натавонад ва ин дар он мақом буд ки ошиқи комил буд имтиноъи вусӯли худ ба маъшӯқ тасаввур кунад ва бо сарф ишқ бисозаду тамаъи висол аз дил берун кунад :
Ман бо ту ҳаме нарад хатар хоҳам бохт
Ҳарчанд барии ҳаме дигар хоҳам бохт
То занн набарӣ ки мухтасар хоҳам бохт
Ҷузи ишқи ту ҳарчӣ ҳаст хоҳам бохт