Ҳавво чу дид эминии роҳу рафъи манъ

Бовар шудаш бихӯрад аз он ва надид азо

Омад ба назд одам ва гуфт эй сафии ҳақ

Гардид он дарахти маро ва туро раво

Аз баҳри имтиҳон ба сӯии он шаҷар рӯем

То зини қазия рафъ шавад пардаи хафо

Рафтам басӯии он ман ва хӯрдам аз он барӣ

Не манъ дидам аз кас ва не ёфтам азо

Одам фиреб хӯрд ва дар оварад дар хаёл

Кӯро аз он дарахт насибӣаст би‏ъно

Кард иҷтиҳод ва буд хатои иҷтиҳод ӯ

Манъӣ надид кард гумон шуд магари раво

Дастӣ дароз кард ба сӯии дарахти илм

Илмӣ ки буд хоссаи авлоди мстФо

Чун барграфт самарӣ хӯрд аз он барӣ

Дар хеш дид зли злли хории хато

Он ҳалае ки дошт бабр рафт аз буриш

Урён шуд аз либоси каромати бики адо

Гар мунтаҳӣ шудӣ зи шаҷар мунтаҳӣ шудӣ

Сад раҳаш набӯд ба ҷузи сидраи мунтаҳӣ