Дар гӯши шиъа чун зи саноашон садо расед
Бардоштанд нағма бар осори он садо
Печиди бонги ғулғули тасбеҳи хоссагон
Дар боргоҳи қудс ба аснофи нағма ҳо
Тасбеҳи ҳамди зумра анвор шуд баланд
Афтод дар малоикаи он ғулғулу Нидо
Гуфтанд кист ҳомиду тасбеҳ баҳр чист
Омад Нидо ки садрнишинони кибриё
Тасбеҳ мекунанд худои Маҷид ро
Аз ҳарчӣ нест зот муқаддас бидон сазо
Тавҳид мекунанду саноу сипосу ҳамд
Васфаш ба он ки ҳаст муназзаҳи зи васф ҳо
Чун ин Нидо расед ба гӯши малоика
Пас ҷумлагӣ забон бикшоданд дар сано
Карданд иқтибоси зи тасбеҳи хоссагон
Шуд мактаби малоикаро қавми Авесто