Ъзизо чун ба ман дил меҳрбон кардӣ хушат бошад
Сарафрозами миён ошиқон кардӣ хушат бошад
з рӯй меҳрбонӣ аз лаби лаъли шифобахшат
Алоҷи дарди ҷой нотавон кардӣ хушат бошад
Дар аввал гарчи будам давр аз наздики гулзорат
Дар охири муҳаррамам дар гулистон кардӣ хушат бошад
Агар дар мавсими гул бенасиб аз гулшанам кардӣ
Вале дар вақти сунбул боғбон кардӣ хушат бошад
Маро дар ишқи мстқбл ба аз мозӣ буд толеъ
Туам дар ишқи бозӣ кордон кардӣ хушат бошад
Ба хоки афтодаи худро чу дидӣ эй шаҳи хубон
Нигоҳӣ аз тараҳҳуми сӯй он кардӣ хушат бошад
Расад қассоб чун пеши ту натавонади сухани гуфтан
Намӯдӣ рӯй ва ӯро безабон кардӣ хушат бошад