Нигоҳам чун дучори оризи он дил рибо гардад
Ҳаё аз ҳар ду ҷониби сади роҳ муддао гардад
зи худ маҳрӯм ва аз халқи ҷаҳон бегона ме монад
Касе чун ошнои он бут дирошно гардад
зи занги кӣна сайқал додаам дилро ва ме донам
Ки ин ойӣна чун равшан шавад гетӣ намо гардад
зи нори ишқ аз баси устихонам сӯхт ме донам
Ки охири пайкарами мардӯди даргоҳ ҳумо гардад
Абир олуд дигар аз сари кӯй ки ме ояд
Ки мехоҳад ғуборами боз бар гирд сабо гардад
Тавонад ҷон фишонӣ кард пеши шамъи рухсораш
Сабки рӯҳӣ ки чун парвона бебарг ва наво гардад
зи ҷон гар бугзарад восил ба ҷонон метавонад шуд
Ба матлаб мерасад қассоб агар бемуддао гардад