Он сарви сими андоми ман чун аз гулистон бугзарад
Мавҷи латофати ҷӯ ба ҷӯ аз ҳар хиёбон бугзарад
Шабҳои ҳиҷр ӯ дилам розӣ намегардад агар
Як қатраи оби чашмам аз болой мижгон бугзарад
Аз касрат кам толеъии тарсами насими кӯй ӯ
Чун бар мазор ман расад барчӣда домон бугзарад
Он бесаранҷомам кигар узвии з ман ёбад ҳумо
Як умр саргардон шавад то аз биёбон бугзарад
Дар ранҷи рӯзафзӯнаму бимам аз он бошад ки ӯ
То чора дардам кунад корами з дармон бугзарад
Аз гармӣ теғаш кашад бар устихонами шуъла Эй
Барқи оташ афшонӣ кунад то аз Нитсаатон бугзарад
Қассобро бори гарони афкандаи зини раҳ бар қафо
Аввал ба манзил мерасад ҳаркас ки аз ҷон бугзарад