Лаби ташнаи ниёз чу бетоб ме шавад

Аз оби теғи нози ту сероб ме шавад

Ошиқ дар ин муҳӣти хатарнок чун ҳубоб

Дар як нафаси зи шавқ ту ноёб ме шавад

Он кас ки бар кашокаши ин баҳри тани ниҳод

Чун мавҷи тавқи гардан гирдоб ме шавад

Даврам ба ҳркҷо ки нишинам ба ёд ӯ

Аз сайли гиряи диҷла хуноб ме шавад

Дидани рахти дубора муяссар наме шавад

Зеро ки ҳар ки дид туро об ме шавад

Дар базми хос бода прессатон шавқи ту

Даврӣ ки ҳаст қисмат қассоб ме шавад