Ишқи он рӯзӣ ки бо дилҳо намакро тоза кард
Шӯриши девона бо саҳрои намакро тоза кард
Абр то бардошти нам , аз дидаи ман хӯн гирист
Ин сазои онкӣ бо дарёи намакро тоза кард
Бози тан ҳамчун кабоб дар намак хобида шуд
Дил чу бо он оташини симои намакро тоза кард
Ҳамчу хат гардид бар гирди лабаш бе ихтиёр
Ҳарки бо он лаъли шкрхои намакро тоза кард
Порахоҳам сохт аз шӯри ҷунуни занҷирҳо
Зулфаши имшаб бо ман шайдои намакро тоза кард
Рӯй дар беҳбуди захм новакаш оварда буд
Ғамза омад бо ҷароҳатҳо намакро тоза кард
Шӯришу ошӯби шабҳои ҷудоӣ гарм шуд
Ҳасан ӯ қассоб то бо мо намакро тоза кард